Главная
Бонги бедори Версия для печати Отправить на e-mail
Добавил (а): Елена Мартынова   
01.10.2007

Сайёди шабгарди беинсоф ба даст афтод

Ин ки мохи ва мохипарвари барои Точикистон чи ахамияте дорад, шояд  барои аксари хамдиёрони азиз маълуму мафхум бошад. Факат хамин кадар метавон илова кард, ки мохипарвари нисбат ба чанд соли пеш имруз бештар ахамияти бештаре касб кардааст. Зеро дар холи мавчудияти мушкилоти  парваришу афзоиши саршумор ва  махсулнокии  чорвою паррандагон рушди ин соха беш аз хар вакти дигар барои кишвари мо, барои таъмини амнияти озукавории мо мухиму зарур аст.

Бо дарки ин маъни хануз соли 2003 тахти раками 123 Карори Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи рушди сохаи мохипарвари кабул гардида буд. Ва мебоист танхо барои таъмини маводи гизоии мохихо барои чамъияти саххомии шаклаш кушодаи «Шукуфон», ки ба парваришу истехсоли мохи ва махсулоти мохигин машгул аст, 200 гектар замини кишт чудо мегардид. Вале то кунун, ин гуна замин чудо нашудааст. Мохипарварон гайр аз ин бо даххо  мушкилоти дигар низ мувочех хастанд. Аммо бо вучуди ин хама мушкилот хама  сохторхои марбутаи табиат дар шахру нохияхои вилоят пайи хифзи захирахои мохи ва афзун намудани теъдоди онхо хастанд. Дар ин иртибот тибки карори  махсуси раиси вилоят аз 29 марти соли равон дар «Дар бораи манъи шикор ва хифзи  захирахои  мохи  дар  давраи  наслгузории онхо дар давраи аз 1 апрел то ба 15-уми июни соли 2007» икдомоти зиёди гирифта шуданд. Вале то кунун боз нафароне ёфт мешаванд, ки фурсати муносиб мечуянд, то ба шикори гайриконунии мохи даст зананд. Ва бо бисёр беинсофи. Онхо бо шасти мукаррарии мохигири не, балки бо шасти барки даст ба аъмоли ношоиста – шикору сайди мохихо машгул мешаванд. Ин аст, ки кормандони Раёсати назорати давлатии истифода ва хифзи табиат дар вилояти Сугд санчишхои шабонгохиро ба рох мондаанд, то пеши рохи конуншиканонро бигиранд. Инак, дар чараёни санчиши навбати дар мавзеи Ёваи дарёи Сир шахсе хангоми гайриконуни машгул шудан бо сайди мохи ба даст афтод. Агар дакиктар бигуем аз ду нафар конуншиканон, яке дар аснои боздошт кардан ба самти номаълум фирор кард ва дуввуми боздошт гардид. Ин  шахс сокини дехаи Сартукайи чамоати Ёваи нохияи Бобочон Гафуров Нозимчон Турсунови 34-сола аст. Назар ба суханони сардори шуъбаи хифзи олами набототу хайвонот ва захирахои мохии Раёсати назорати давлатии истифода ва хифзи табиат дар вилояти Сугд Насим Охунов шоми 20 ба 21 сентябри соли равон конуншикан хангоме боздошт гардид, ки савори каики резини бо як тан аз шариконаш тавассути шасти барки мохи медошт. Хангоми санчиши дохили каики навъи «Уфимка»-и шикорчи як адад шасти барки бо хама асбобу олоти марбутааш, мохихои сайдшуда, ки вазни умумиашон 14  килограммро ташкил доданд, дарёфт ва сипас мусодира гардид. Дар байни 16 сар мохихои сайдшуда мохихои навъи сазан, лаккамохи, щука, морсармохи, карас, чехон мавчуд буданд. Дар ин маврид санадхои марбута тартиб дода шуданд. Аз чумла, назар ба суханони хукукшиноси Раёсати назорати давлатии истифода ва хифзи табиат дар вилояти Сугд Шорозик Шорахматов нисбати ин конуншикан дар мавриди вайрон кардани талаботи Конун «Дар бораи хифзи табиат» протоколи маъмури тартиб дода шуд. Хамчунин вай дар вайрон кардани моддахои 22.2 ва 22.3-и «Коидахои мохидории хаваскорона ва варзиши дар обанборхои Чумхурии  Точикистон» айбдор дониста мешавад. Он санадхо якчоя бо асбобхои мусодирашуда ба прокуратураи вилояти Сугд интикол дода шуд.  Мохихои сайдшуда бошанд ба шуъбаи яхдонхои чамъияти саххомии «Шукуфон»-и шахри Кайроккум,  барои нигохдори фиристонида шуданд.

Бояд мутазаккир шуд, ки дар холи хозир кормандони Раёсат бо манзури муайян кардани худуди таъсироти шасти барки ба мавчудоти зиндаи оби ва гузаронидани ташхиси лозима шасти  мохигириро бо хама асбобу лавозимоти  ёрирасонаш ба бахши Маркази чумхуриявии экспертизаи тибби ва чиноятшиносии вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар вилояти Сугд ирсол шудааст. Умед аст онхо дар рузхои наздик натичаи ташхиси хешро ба Раёсат пешкаш хоханд кард. Вале аз тачрибахои солхои пешин як чиз мусаллам аст, ки шасти баркии мохигири вобаста ба кудрату нерумандии он таъсироти басо манфии хешро болои мавчудоти зиндаи оби дар худуду доираи 10-20 метр расонида, хамзамон бо мохи тамоми мавчудоти зиндаи обиро несту нобуд месозад. Дар ин масохат билкулл халокро ба вучуд меоварад.
Чунончи олими мохишинос Гафурxон Каримов иброз дошт чамъияти саххомии «Шукуфон» хамасола ба обанборхои хавзаи дарёи Сирдарё беш аз ним миллион мохичахои навзоди зоташон нодиру пуркиматро сар медихад. Возех аст, ки барои парвариши чунин микдор мохихои навзод маводи зиёди хурока, захамоти фаровони мутахассисону мохипарварон зарур аст. Агар шасти баркии мохигири факат як соат кор бикунад, ин хама ранчу захматхо ва масрафхои яксола бар бод мераванд. Гузашта аз ин, дар ин байн харчангхои оби, ки организми гизомандиашон баланд барои мохихо  ва маводи гизоии инсонхо ба шумор мераванд, билкулл аз байн рафтаанд. Ин натичаи фаъолияти шикорчиёни конуншикан ва истифодаи шасти баркии мохигири аз чониби онхо аст. Ба андешаи Гафурxон Каримов вакти он расидааст, ки ба «Коидахои мохидории хаваскорона ва варзиши дар обанборхои Чумхурии Точикистон» тагйироту иловахо ворид карда шаванд. Хамчунин хаxми чаримахое, ки барои сайди гайриконуни тавассути  карори раками 438-и Хукумати Чумхурии Точикистон бори дигар таxдиди назар шавад.
Коршиносон бар ин акидаанд, ки агар таъчилан икдомоти зарурие барои  гирифтани пеши рохи шикорчиёни беинсоф гирифта нашавад, бешубха, теъдоди навъи мохихои ба Китоби сурхи Точикистон ва Китоби сурхи собик Иттиходи Шурави  воридгардида беш аз пеш зиёд хоханд шуд. Гузашта аз ин дарёхои мо ба як ботлокзори беруху оби лойолуду беранг ва ори аз хар гуна мавчудоти зинда табдил хохад ёфт. Ин як рузи сиёху офатангезе барои мардуми Точикистон хохад буд. Пас дар рохи мубориза бо шикорчиёни гайриконуни ва истифодабарандагони шасти барки на танхо кормандони макомоти хифзи табиат, балки хама сокини ин сарзамин ба пой бихезанд. Зеро ин гуна шикорчихо танхо дар гами шиками хеш шуда, табиати зиндаи моро мехоханд ба табиати мурдаю мирандагон табдил диханд! Ки мехохад, ки дар чунин мухит зиндаги бикунад? Як бор ба фарёди вичдони худ, аз бахри Худо гуш кунед! Бахусус, дар айёми мохи шарифи  Рамазон! Боки Шумову вичдони Шумо. Вале хар як конуншикан, новобаста ба он ки ки хасту аз кадом табор аст, бояд барои кирдораш дар назди Конун чавоб бигуяд! Ин талаби раками 1-и давлати демокративу хукукбунёд аст. Магар  хамин тавр нест?!

Тилав Расулзода
Сардори Дафтари  матбуоти Раёсати назорати давлатии истифода ва хифзи табиат дар вилояти Сугд

 
< Пред.   След. >
Компас №70, Август/2010

Очередной выпуск Ежемесячного Экологического вестника "Компас" №70, Август/2010
Прочитать

Ресурсная Информация

Tajikistan Monthly Risk Monitoring Warning Report July 2010

Tajikistan Monthly Risk Monitoring Warning Report
Прочитать
Стратегия управления рисками стихийных бедствий

Стратегия управления риском стихийных бедствий Дж. Расуловского района
Прочитать

Авторизация






Забыли пароль?
Вы не зарегистрированы. Регистрация

Наши друзья

Организация по 

Безопасности и Сотрудничеству в Европе
Act Central Asia
Молодежный 

Экоцентр Таджикистана
РОО 

"Молодежь 21 века"
Центр Гражданского Образования Молодежи
Еврокомиссия
Sites.tj | Каталог интернет-ресурсов Таджикистана - Все сайты Таджикистана!

Новости Экопортала

Google PageRank
Яндекс цитирования
счетчик посещений