| ШУРБАХТИИ МО АЗ ШУРИИ ЗАМИНИ МОСТ |
|
|
| Добавил (а): Тилав Расулзода | |
| 02.10.2007 | |
|
1.Нарххои хавои ва таманнохои зеризамини Чандест, ки перомуни дучанду сечанд афзудани нархи орду равгану гушту махсулоти шири бахсхо идома доранд. Ин ки то кадом паймона баъд аз ин хама нолаву шикоятхо вазъият ру ба бехбуди хохад ниход, сухан гуфтан басо барвакт аст, зеро хамоно нарххо бо суръати кайхони боло мераванд. Хануз дар бозори яклухтфурушии «Гулистон» - шахри Хучанд як халта орди навъи якум то ба рузи 1 октябри соли равон 120 сомони арзиш дошт. Ин маблаг нисбат ба хадди акали маоши кормандон 6 баробар зиёд аст. Яъне нафакахур бояд 6 мох нахурдаю напушида маблаг чамъ кунад, то ки як халта орд харидори кунад. Алхол як литр равган то ба 6-6,5 сомони фурухта мешавад. Дар бораи гушту шир хочати гап хам нест, зеро оилахое хастанд, ки хеле вакт аст руи ин чизхои барои саломати мухимро надидаанд. Ин хама мавзуъоте хастанд, ки бояд дар сатххои оли барраси шаванд. Зеро мо дар остонаи зимистон карор дорем ва сухан дар бораи амнияти озукавории кишвар то ба чамъоварии хосили соли оянда меравад. Ва хосили нав бошад, танхо мохи июн пухта хохад расид. Вале ин чо сухан дар бораи гандум аст. Мавзуъи гушту ширу тухмро ба ягон вакти дигар вомегузорем. Зеро бе гушт зиндаги кардан мумкин аст. Чунончи бо мо муовини раиси кумитаи рушди иктисод ва дурнамои макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд Насим Обидчонов иброз дошт алхол хукумати вилоят барои ба эътидол овардони нархи орду маводи орди бо сохибкорони махалли як силсила корхоро анчом додааст. Аз чумла, аз онхо хохиш шуд то воридоти гандум ва ордро ба кишвар суръат бахшанд. Дар ин росто як гурухи сохибкорон бо сарварии Нуриддин Косимов беш аз 103 вагон гандумро аз кишвари Казокистон ба Точикистон ворид кардани хастанд. Ва ба иттилои Н. Обидчонов 63 вагон гандум бояд дар хамин шабу руз ба манзил бирасад. Бо расидани ин микдор гандум умед аст, нархи орд то дар мархалаи аввал то ба 90 ва баъдан то ба 80 сомони фароварда шавад. Наздик ба 200 хазор тонна галладона? Кучост он? Назар ба маълумоти расида аз муовини сардори Идораи кишоварзии вилояти Сугд Рустам Рахимов соли равон дар майдони 78 хазору 15 гектар галладона кишт шудааст. Агар хосили гирифтаи мардумро низ ба хисоб бигирем, имсол дар мачмуъ дар вилоят 196 674 тонна галла чамъовари шудааст. Ин ракам назар ба нишондихандаи соли 2006 ба микдори 7629 тонна зиёд аст. Аз он хама 88 хазору 570 тоннаашро гандум ташкил медихад. Илова бар ин то ба мохи сентябри соли равон назар ба маълумотхои гайрирасми ба вилояти Сугд кишвар ончунон гандум ва орде ворид шудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 40 хазор тонна зиёд аст. Вале ин хама ворид карданхо магар рохи халли масъала хастанд? Кай Точикистон, ки кишвари аграри аст худаш, худашро бо маводи хурдани, аз чумла, орду гушту ширу тухм таъмин мекунад? Кай аз Чину Исроил, ки замини каму ахолии зиёд доранду боз ба чандин кишвархо маводи хурдани содир менамоянд, тарзи парвариши зироатхоро меомузем? 2. Замини шура сумбул барнаёрад! Алхол назар иттилои расида аз мутахассиси Раёсати назорати давлатии истифода ва хифзи табиат дар вилояти Сугд Хабибулло Собиров алхол дар худуди ин устон дар мачмуъ беш аз 2,5 миллион гектар замин мавчуд мебошанд. Аз онхо заминхои корам наздик ба 250 хазор гектарро ташкил медиханд. Дар худуди вилоят нисбати соли 2002 масохати заминхои шуршуда 975 гектар зиёд шуда, 57325 гектарро ташкил медихад. Масохати заминхое, ки ба эрозияи боди гирифтор шудаанд 775,6 гектар, заминхои ботлокшуда 34,0 гектар, майдони заминхои аз эрозияи оби вайроншуда 747 гектарро ташкил медихад. Ба андешаи у сабаби асосии шуру ботлок ва ба эрозии гирифтор шудани заминхо фаъолияти гайриканоатбахши шабакхои захбуру захкаш ва чоххои обкашии мелиоративи мебошад. Агар масохати умумии шабакахои захбуру захкаш кариб 3490 км-ро ташкил дихад, пас шабакахои дохилихочаги 2918 км, яъне 83,6%-ро ташкил медихад. Баробари ба хочагихои хурд таксим кардани хочагихои калон ин шабакахо амалан бесохиб монданд. Хочагихои кучаки фермери мустакилона аз ухдаи тоза кардани онхо намебароянд. Аз ин ру, дар соли 2006 танхо 20-25 %-и ин шабакахо тоза карда шудаанду бас. Харчанд тибки маълумотхои ахиран дастрасгардида хачми захбуру захкашхои тозакарда меафзояд, аммо маблагхои ба ин максад чудошуда сол аз сол кам мешавад. Масалан,агар ин маблаг соли 2002 6,3 млн сомониро ташкил дода бошад, соли 2006 хамаги 132,8 хазор сомони, яъне 47 маротиба кам чудо гардидааст. Чунин пастравии рафти маблаггузори ва нишон додани афзоиши хачми шабакхои тозакардашуда аз 819,3 хазор метри мукааб дар соли 2002 то 1250 метри мукааб дар соли 2006 аз вокеият дур аст. Микдори чоххои мелиоративии обкаш дар соли 2006 995 ададро ташкил медод, ки ин нисбати соли 2002 58 адад кам мебошад. Аз ин микдор факат 144 адади ин чоххо дар холати кори мебошанд, ки ин 14,5%-ро ташкил медихад. Бокимонда барои ичрои вазифаи хеш – кашидани обхои зеризамини омода нестанд ва микдори чунин чоххои бекор зиёда аз чахор маротиба афзудааст. Бар замми ин чоххои дар холати кори буда, дар давоми шабонаруз, яъне 24 соат неву бинобар номуназзам будани интиколи барк хамаги 7-7,5 соат кор мекунанду халос. Ин ахвол мушкилоти бударо аз ин хам руз то руз бадтар мекунанд. Махз бо хамин сабабхо масохати заминхои обхои зеризаминиашон баланд (аз 0 то ба 2.0 метр) афзуда истодааст. Масохати чунин заминхо, ки бештар дар нохияхои Ашт, Б. Гафуров, Конибодом, Ч. Расулов, Исфара, Спитемен ва Зафаробод чой гирифтаанд, соли 2006 хамаги 23 хазор гектарро ташкил дод. Вазъият хусусан дар нохияи Б. Гафуров бисёр нигаронкунанда аст, зеро масохати заминхои шур 9485 гектар ё 23% тамоми заминхои обиро ташкил медихад. Масохати умумии заминхои шур нисбати соли 2000 (3937гектар) 2,4 маротиба афзудааст. Дар нохияхои Конибодом ва Ашт бошад, вазъият аз ин хам бадтар аст, мувофикан заминхои шур дар ин нохияхо 50,2 ва 43,1 дарсади тамоми заминхои обиро ташкил медихад. Замин кудаке нест, ки бо кулчакандаш бифиреби … Вале назар ба андешаи зироатшинос Ёкубчон Рауфи рахои аз вартаи камбуди гандум ва зироатхои дигар хаст. Аввал аз хама ба замин бояд нурихои маъдании лозима дода шавад. Он нурихое дода шаванд, ки сифати баланд доранд. Аз ин ру, вай пешниход дорад, то нурихои маъдани аз Чумхурии Киргизистон, ки ба сифати он эътибори хоса медиханд, ворид карда шавад. Сониян, хама нурихои воридшаванда бояд хатман аз ташхиси лаборатори гузаронида шаванд. Ва натичаи он ташхисхо аз чониби гурухи мустакили коршиносон дубора санчида шавад. Ашхосе, ки ба маводи бесифат сертификати мувофикат медиханд, тибки конунхои амалкунандаи кишвар сахт мучозот дода шаванд. Зеро замин фасодкориро, фиребро умуман кабул надорад. Дуввум, ба замин чунончи дар ин 7-8 соли охир роич буд, танхо селитра не, балки омехта амофозу суперфосфату селитра дода шавад. Зеро танхо ин таркиб метавонад гизои кофиро ташкил кунад. Саввум, тухми бояд оли бошад ва ба иклиму таркиби хоки заминхои мо мувофикат кунад. Бехтар аст аз тухмихои хочагии тухмипарвар, азчумла аз хочагии ба номи Мукаррамови нохияи Исфара ва аз тухмии воридкардаи созмони «Агроаксия»-и Олмон истифода бурда шавад. Чахорум, барои халли одилонаи муаамои об зарур аст ассотсиатсияхои истифодабарандагони об таъсис дода шавад. Панчум, барои охиста-охиста, ба заминхои кораму хосилхез табдил додани заминхои таназзулёфта зарур аст, даставвал ба он заминхо юнучка кошта шавад. Шашум ва асоситарин рохи фаровон кардани бозори дохили бо маводи хурдани ин додани замин ба дехкон аст. Дар ин замина давлат бояд хама гуна имтиёзро барои пешрафти кори дехкон дарег надорад. Аз чумла, зарур аст, ба дехкон аз хисоби бонкхои давлати ва хусуси карзхои имтиёзноки дарозмуддат бидихад. Уро хадди акал панч сол аз пардохти андоз барои истифодаи замин озод бояд кард. Гузашта аз ин, тафтишхои пайдарпайи кормандони макомоти ичроия ва хифзи хукук билкулл аз байн бардошта шаванд. Билохира, як Консепсияи мукаммали давлатии дубора хосилхезу корам кардани заминхои таназзулёфта ва ба гандумзорхо табдил додани онхо тахия ва кабул гардад. Дехкон аз КАРЗ метарсад! Ба андешаи коршиносон имруз масъалаи бекор кардан, яхкунонидани карзи дехкон на танхо аз мавзуъоти доги марбут ба пешрафти сохаи кишоварзи махсуб гардидааст. Дехкон аз карз, ба хусус карзе, ки барои хар як порчаи замин дар назди инвестор-фючерист дорад, сахт метарсад. E харос дорад, ки ин карз, ки чуссаааш алхол аз пашшаи кабли дар бузургию хайбат ба фил монанд шудааст, окибат боиси бадбахтии на танхо худаш, балки ахли хонавода ва ворисонаш хохад шуд. Зеро фарзанд, чун вориси моли падар, вориси карз низ хохад шуд. Пас, вай заминеро, ки аз хочагони бузургу олуфта карздор аст, барои кор кардан нахохад гирифт. Тилав Расулзода |
| < Пред. | След. > |
|---|
| Экологическая маркировка |
| Экологический Календарь |
| Экологическая документация |
![]() |
Очередной выпуск Ежемесячного Экологического вестника "Компас" №70, Август/2010 Прочитать |
![]() |
Tajikistan Monthly Risk Monitoring Warning Report Прочитать |
![]() |
Стратегия управления риском стихийных бедствий Дж. Расуловского района Прочитать |