Семинари минтақавӣ дар шаҳри Конибодом

24 июли соли 2019 дар  шаҳри Конибодом семинар – тренинг дар мавзўи «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» барои кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Исфара багузор гардид.

Семинари мазкур якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»,  Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳо дар шаҳри Конибодом ва Исфара, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва маҳалла, намояндагони соҳаи маориф, рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Дар рафти семинар – тренинг мувофиқи барнома баромаду презентатсияҳо дар мавзӯъҳои «Принсипҳои асосии Конвенсияи Орхус, дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо,  дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, кори марказҳои Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи тарбиявӣ ва маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ташколоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ оид ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ.

Дар қисмати дуюм кор дар гурӯҳҳои хурд, пешниҳод ва таклифи гурӯҳҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, музокираи умумӣ оид ба пурзӯр намудани ҳамкории тарафҳо оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» сурат гирифт.

tajnature.tj