Имрӯз дар Маркази Орхуси шаҳри Хуҷанд бо Мудири шӯъбаи “Табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зист”-и Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд Гадойбоева Л. вохурӣ баргузор гардид. Тӯли чанд сол мешавад, ки Маркази Орхус бо Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд ҳамкорӣ дорад.
Имрӯз низ, баҳри татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба Маркази таҳсилоти иловагӣ аз тарафи Маркази Орхус 90 китобча дар бораи “Ҳайвоноти нодир ва аҷоиби Тоҷикистон” ва зиёда аз 300 буклетҳо оид ба “Муомилот бо партовҳо ва ҳифзи муҳити зист”, “Иқтисодиёти сабз – кафили рушди устувор ва безарар ба муҳити зист” ва “Конвенсияи Орхус-роҳнамо ба сӯи таҳкими муҳити зисти солим” тақдим гардид. Ин маводҳо ба маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳо тақсим карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолияти худро дар заминаи рушди маориф ва тарбияи насли наврас ба роҳ монда, ҷиҳати такмил ва афзун намудани донишу маҳорати хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои мухталифро ба роҳ мондааст. Бахши ҳифзи муҳити зист ва тозаву озода нигоҳ доштани табиати зебои диёр ҷузъи асосии шӯъбаи «Табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зист»-и Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғдро ташкил медиҳад.
Дар миқёси вилояти Суғд 28 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебаранд. Аз он ҷумла дар назди 19 муассисаи таҳсилоти иловагӣ майдончаҳои озмоишӣ ва шӯъбаи «Табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зист» амал менамояд. Шӯъбаҳои зикршуда маҳфилҳои “Гулпарварӣ”, “Парандапарварӣ”, “Табиатдӯстони ҷавон”, “Химикони наврас”, “Биологони наврас”, “Ботаникони наврас”, “Дӯсторони табиат” ва “Экологони наврас”-ро фаро мегирад. Маҳфилҳои номбурдаро 45 нафар мутахассиси соҳа роҳбарӣ менамоянд. Дар 45 маҳфили равияи табиатдӯстон 1130 нафар хонанда ба машғулият фаро гирифта шудаанд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят аъзоёни Созмони хонандагон дар самти “Дар олами наботот” фаъолият бурда, бо гурӯҳи “Патрулҳои Сабз” баробари корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ баргузории озмунҳои расми беҳтарин, иншои беҳтарин, рӯзномаҳои деворӣ, омода ва насб намудани шиору овезаҳо оид ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи табиат ва шинонидани гулу дарахтҳо ба роҳ монда шудааст.
Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндасози миллатро дар назар дорад, ки баҳри шукуфоӣ ва сарсабзии диёри зебоманзари Тоҷикистон саъю эътимом меварзанд.