Чуноне ки мову Шумо медонем, муҳит – макони зист ва фаъолияти инсон, олами табиии атрофи инсон ва олами моддии офаридаи ӯ мебошад. Муҳити зист муҳити табиӣ ва муҳити сунъӣ (техногенӣ), яъне маҷмӯи унсурҳои муҳити зистро дар бар мегирад, ки аз моддаҳои табиӣ бо меҳнат ва иродаи бошууронаи инсон ба вуҷуд омадаанд ва дар табиат монанд надоранд. Ва мутаассифона дар асри 21, ки асри техникаи навин маҳсуб меёбад истеҳсолоти ҷамъиятӣ муҳити атрофро тағйир дода, ба он бевосита ё бавосита таъсир мерасонад. Ин таъсир ва оқибатҳои манфии он вақте ки миқёси фаъолияти инсон, ки қариб тамоми лифофаи географии Заминро фаро гирифтааст, бо таъсири равандҳои табиии умумиҷаҳонӣ муқоисашаванда гардид. Дар ин навбат муҳофизати табиат, ки асоси ҳаёти инсонро метавонад ташкил намояд аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Баъди ба даст омадани Истиқлолият дар кишварамон маҷмӯи дастурҳо ва барномаҳо таҳти унвони «Муҳофизати табиат», маҷмуи чорабиниҳо оид ба ҳифз, истифодабарии оқилона ва барқарор намудани сарватҳои табиии Замин, аз ҷумла гуногунии намудхои олами набототу хайвонот, сарватҳои зеризаминӣ, тозагии обҳо ва хавои атмосфера ба тавсиб расида амалигардонии зери назорати қатъист.
Вале, мутаассифона хатари тағйирёбии бебозгашти муҳити табиии минтақаҳои алоҳидаи кураи замин ба туфайли вусъати миқёси фаъолияти иқтисодии инсон воқеият гардид. Аз ибтидои солҳои 80-ум ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 1 намуд (ё зернамуд) ҳайвонот ва як намуди растаниҳо ҳар ҳафта (зиёда аз 20 ҳазор намуд дар зери хатари нобудшави карор дорад) аз байн рафтааст. Тақрибан 1000 намуди паррандагон ва ҳайвоноти ширхӯр (асосан сокинони ҷангалҳои тропикӣ, ки бо суръати даҳҳо гектар дар як дақиқа кам мешаванд) зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.
Ҳар сол тибқи маълумоти сохторҳои дахлдор ҳар сол тақрибан 1 миллиард тонна сӯзишвории стандартӣ сӯхта, садҳо миллион тонна оксидҳои азот, сулфур, оксиди карбон (як қисми онҳо дар шакли борони кислота бармегарданд), дуд, хокистар ва ҷанг ба атмосфера партофта мешаванд. Обу хок бо партовҳои саноатӣ ва маишӣ (соле садҳо миллиард тонна), маҳсулоти нафтӣ (чанд миллион тонна), нуриҳои минералӣ (тақрибан сад миллион тонна) ва пеститсидҳо, металлҳои вазнин (симоб, сурб ва ғ.) олуда мешаванд, яъне хавфи вайрон кардани экрани озони Замин вучуд дорад. Қобилияти биосфера барои худтозакунӣ ба ҳадд наздик аст.
Бо дигар мисол метавон гуфт, ки хавфи тағйирёбии беназорати муҳити зист ва дар натиҷаи ин таҳдиди мавҷудияти организмҳои зинда дар рӯи замин, аз ҷумла ба одамон барои ҳифз ва ҳифзи табиат чораҳои амалии катъи дидан, танзими ҳуқуқии истифодаи сарватҳои табииро талаб мекунад.
Барои ҳалли ин муаммо ташкили технологияи бепартов, иншоотҳои тозакунӣ, ба тартиб андохтани истифодаи баъзе моддаҳо, инчунин ба вучуд овардани минтақахои муҳофизати заминҳо дохил мешаванд. Бояд қайд кард, ки бо мақсади парвариши ҳайвонот ва растанихои нодир ва зери хатари нобудшавӣ рафтани баъзе рустаниву дигар аъзои Замин Китобхои Сурхи умумиҷаҳонӣ таҳия гардидааст, ки саривақтист.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистони азизи мо тадбирҳои ҳифзи муҳити зист дар замин, хоҷагии ҷангал, об ва дигар қонунгузории миллӣ пешбинӣ шудаанд, ки ҷавобгариро барои вайрон кардани меъёрҳои экологӣ муқаррар мекунанд. Дар миқёси байналмилалӣ дар баробари таъсиси созмонҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи табиат Барномаи СММ оид ба муҳити зист низ амал мекунад.
Дар ин навбат ҳамагӣ шаҳрвандон бояд бетараф набошанд ва бо қатъият метавонам қайд намоям, ки хулоса муҳофизати табиат вазифаи асри мо, проблемаи иҷтимоӣ гардидааст. Барои ба куллӣ беҳтар намудани вазъият амалиётҳои ба мақсад мувофиқ ва андешанок лозим аст.
Сиёсати масъулиятнок ва муассир нисбат ба муҳити зист танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки бо ҷамъ овардани маълумоти боэътимод оид ба вазъи имрӯзаи муҳити зист, дониши асоснок оид ба таъсири мутақобилаи омилҳои муҳими экологӣ, таҳияи усулҳои нави кам ва пешгирии зарари аз ҷониби инсон ба табиат расонидашуда амалӣ карда шаванд.
Пӯлотова Камуна -омӯзгори фанни экологияи МТМУ №4 шаҳри Истиқлол.