Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дастӣ муаммоҳои гуногун вуҷуд дорад, ҳатто барҳе аз онхо дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон қариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст.Пеш аз хама санъати амалии халкӣ ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.
Оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯз тасмим гирифтем барҳе аз хонандагони муассисаи МТМУ 20 н Б. Ғафурови чамоати Ғозиёнро бо нозукиҳо ва заҳматталаб будани ин санъатро ошно созем. Наврасон аз наздик бо ҳунарҳои аҷдодии хеш ошно гардида барҳе аз онон барои омӯхтани нозукиҳои ҳунарҳои мардумии миллӣ қадами нахустин ниҳоданд.
Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷдодони мо сухан меравад ва он ҳам то замони мо омада расидааст. Аз ин бар меояд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва ҳунарҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз аз чавонону наврасон даъват ба амал меорем, ки барои нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда расонидани ҳунарҳои миллии хеш бетараф набошанд.



