Баргузории амалиёти санҷиши аналитикии воситаҳои нақлиёт

Тибқи нақшаи корӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд амалиётҳои назоратию фаврии гуногун гузаронида мешавад. Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи раёсат дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар кўчаи Сирдарё  баромади шаҳри Хуҷанд ва гардиши “Ором”-и ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар рафти амалиёт 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳия ирсол гардид.

Манбаъ: www.ecosugd.tj

Поделиться:

Больше постов:

Экологический обзор по Республике Таджикистан от 09/03/2023

По данным Управления мониторинга окружающей среды Агентства по гидрометеорологии Республики Таджикистан 9 марта 2023  года уровень загрязнения атмосферного воздуха в городах несколько изменился относительно предыдущего

Отправить свои экологические идеи:

Содействие комплексному устойчивому развитию и реализации человеческого потенциала в гармонии с окружающей средой.

Контакты

Мы в соцсетях

Мы на карте