Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 26 октябри соли 2021 дар ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ», ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ дар толори бинои ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳия ва аксияи «Ояндаи бидуни пластикӣ» дар бозори марказии ҶДММ «Фаровон» баргузор гардид. Дар вохӯрии иттилоотӣ омӯзгорону хонандагони ҶДММ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров» ва намояндагони ҷамоати шаҳрак иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ ва ташкили коргоҳҳои коркарди чунин партовҳо маълумоти муфассал пешкаши иштирокдорон намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур  бо мақсади паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Дар навбати худ роҳбари ТҶ «Сафӣ» оид ба мақсади асосии лоиҳа, минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ ва аз матоъ сухан карда қайд намуд, ки татбиқи лоиҳа барои коҳиш ёфтани партовҳои пластикӣ, хусусан халтаҳои полиэтиленӣ имкон медиҳад.

Поделиться с друзьями...
Декабрь 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031