Ҳар яки мо қариб ҳар рӯз оббозӣ мекунем. Лек чӣ қадар обро барои оббозии худ сарф мекунем? Ягон кас инро ҳисоб намекунад. Мо дар рӯзҳои тобистон дар як рӯз ҳатто ду ё се маротиба ҳам оббозӣ мекунем. Ба ҳамаи он оби зиёд сарф мешавад. Ман ҳам то ин вақт ҳисоб намекардам, чунки ҳар кас дар вақти оббозӣ ба худ муносиб об сарф мекунад. Лекин медонед, чиниҳо барои оббозӣ чӣ қадар об сарф мекунанд?
Падари ман дар Арабистон зиндагӣ мекунанд. Мо бо модарам ва хоҳарам тез-тез ба назди он кас барои дидорбинӣ меравем, он кас низ тез-тез ба Тоҷикистон меоянд ва ҳар дафъа ба мо таъкид
мекунанд, ки мо обро бе сарфакорӣ истифода мебарем. Вақте обро мекушоем, ӯ таъкид мекунад, ки обро тезтар маҳкам кунем.
Падарам дар Арабистон ҳаммомхонаро чунин моҳирона созондаанд, ки оби аз душ меомада дам гирифта – дам гирифта меояд. Яъне дар вақти дастро собун кардан об бозмеистад, дар вақти оббозӣ инчунин. Барои ҳамин сарфи об камтар аст. Гумон мекардам, ки падарам худашон маҳз барои камтар истифодаи об чунин созондааст. Азбаски он ҷо обро бо душворӣ ба даст меоранд, он қиммати зиёд дорад.
Чанд рӯз гузашт ва мо барои дамгирӣ лаби уқёнус рафтем ва дар оби калон оббозӣ кардем. Азбаски об шӯри бад аст, пас аз об баромадан, ҳатман дар оби ширини ошомиданӣ оббозӣ кардан зарур аст. Мо бо модарам ба ҳаммоми (душ) занона даромадем. Вақте ки обро кушодем, ин об ҳам чун оби ҳаммоми хонагии мо канда-канда меомад. Ман фаҳмидам, ки ҳурмати об дар ин ҷо баланд аст.
Ҳамон рӯз ба хонаи мо ҳамкори падарам бо завҷааш омад. Миллати онҳо чин буд. Баъди шиносоӣ аз мо пурсон шуданд, ки чӣ чизҳои аҷоибро дар Дубай дидем. Ман чанд ҷойҳои аҷоиби дидаамро номбар кардам ва оби камасрафро низ гуфта додам ва таъкид кардам, ки дар Тоҷикистон ин тавр нест. Он ҷо пуробӣ, дарёҳои Сир, Аму, Зарафшон ва дарёчаҳои Душанбею, Кофарниҳон, Яхсу, дигар каналҳо ва чашмаҳо пур аз обанд.
Ӯ каме сукут кард ва пас ба ман оббозии чиниҳоро нақл карда дод, ки дар макони ӯ дар он ҷое, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, об муаммо дорад. Барои ҳамин онҳо вақти оббозӣ дар як сатилчаи ҳаҷмаш ба мисли коса оби ширагарм гирифта, бо як порча латтачаи дастпӯшак худро бо собун молиш медиҳанд ва пас аз сари худ об мерезанд, то ки ягон қатраи об беҳуда сарф нашавад.
Ман чанд дақиқа сукут карда мондам. Пеши чашмам он оби беқадри хонаҳои мо, ки беохир равон мешуд, намудор гашт.
Ман чӣ гуфтанамро намедонистам. Лек фаҳмидам, ки дар ҳар ҷое, ки кас бошад, ҳурмати истофодаи об бояд бошад.
Абира Абзааби, гимназияи 4 шахри Хучанд
Данная публикация подготовлена в рамках проекта “Медиа для эффективного освещения вопросов окружающей среды и природных ресурсов в Центральной Азии”, финансируемого Европейским Союзом, реализуемого «Интерньюс».