Кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат  амалиёти «Ҳавои тоза»-ро роҳандозӣ намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи амалӣ намудани амалиёти мазкур баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон аст.

Аз ҷумла, дар ҳудуди шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров  амалиёти  муштараки «Ҳавои тоза» бо иштироки кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёхӣ дар вилояти Суғд ва масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардида, гурӯҳи кории сафарбаргардида давоми як соат 48 воситаи нақлиётро тавассути таҷҳизоти газченкунӣ аз ташхис гузарониданд. Дар натиҷа нисбат ба  8 ронандае, ки воситаи нақлиёташон ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ набуда, дар таркиби дуди ихроҷшавандаи мошини онҳо  моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд буд,  бо моддаи 230 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Тавре масъулин иброз медоранд ҳар як ронандаи нақлиёт пеш аз он ки пушти чамбараки мошин  менишинад,  бояд ба ихроҷи дуднокӣ ва тозагии нақлиёт аҳамият диҳад.

Маҳз натиҷаи баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» ва ҳамингуна чорабиниҳост, ки беш аз пеш шумораи воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳаво аз меъёр зиёд дуд ё газҳои зарарнок ихроҷ мекунанд,  кам шуда истодааст.

Ронандаҳои воситаҳои нақлиётро зарур аст воситаи нақлиёти худро мунтазам аз ташхиси техникӣ гузаронида,  таъмир ва аз истифодаи сӯзишвориҳои пастсифат худдорӣ намоянд.То ин ки ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарар нарасонанд.
Мутобиқи иттилои масъулини милитсияи экологӣ ва сайёҳии вилояти Суғд,  моҳе аз як то ду маротиба дар қаламрави вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда, нисбат ба  ронандаҳое, ки ба ҳолати техникии воситаи нақлиёти худ беэътиборӣ зоҳир мекунанд ва ҳавои муҳитро заҳролуд менамоянд,  чораҷӯӣ карда мешавад.

Кормандони минтақавии ниҳодҳои мазкур  зимни амалиёти зикршуда ҳамчунин  ба аҳолӣ шарҳ  доданд, ки ҳавои тоза ба саломати манфиати  зиёд дошта, яке аз шартҳои асосии  дарозумрии инсон  эътироф шудаааст ва тоза нигоҳ доштани ҳаво ва  муҳити зист  вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа   мебошад.

Манбаъ: сомонаи АМИТ “Ховар”

Поделиться с друзьями...
Сентябрь 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930