Санаи 14-уми сентябри соли равон дар МТМУ №4 шаҳри Истиқлол аз фанни экология дарси намунавӣ гузаронида шуд. Мавзӯи дарс «Бехатарии радиатсионӣ» буда, дар он 15 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд.

Муаллимаи экология- Қосимова Манзура ба хонандагон дар бораи зиёни партовҳо,радиатсия, ва муаммоҳои экологӣ маълумот доданд.

Хонандагон ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, эҷодкорӣ ва видеороликҳои омода кардаашонро ба хамагон нишон доданд.

Дар байни дарс лаҳзаи дамгирӣ (бозӣ)бо иштироки хонандагон гузаронида шуд: Бинго, блитс пурсиш, саволу ҷавоб ва ғайра.

Дар дарс меҳмонон хузур доштанд ва ба сатҳи дониши хонандагон баҳои аъло доданд.

Октябрь 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31