Аз он ҷӯйе,ки хурдӣ оби пок,
Нашояд, фикандан дар он сангу хок.
Барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон оид ба маърифати экологӣ дар МТМУ№62 ҳафтае як маротиба машгулиятҳо бо нозирони сабз гузаронида мешавад. Мувофиқи нақшаи маҳфилҳо хонандагон мавзӯъҳои гуногуни экологӣ гузаронида шуда истодааст.
Хонандагон дар машғулиятҳо фикру ақида пешниҳодҳои хешро оид ба масъалаҳои экологӣ иброз медоранд.
Дар яке машгулиятҳо барои дар амал татбиқ намудани машғулиятҳои назариявӣ ба дарёчаи назди деҳа экскурсия гузаронидем.
Манзарае,ки мо дидем бениҳоят риққатовар буд.
Дар рӯйи оби дарёча ҳар гуна партовҳо сайркунон ба монанди қайқчаҳои коғази мегузаштанд .Ҳолати девораҳои дарёча аз партофтани партовхо хело ҳам бад буд.Мо аз ин манзара ба ҳайрат омадем.
Охир мардум ба худ оед. Обро ифлос намудан ин гуноҳи азим аст. Дар дунё давлатҳое ҳастанд,ки имрӯз аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.
Ин ҳама партофтани партовҳо ба дарёча надоштани маърифати экологии мардуми мо мебошад. Афсус, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо “об” инсон намерасад.
Партовҳо ба монанди коғаз,халтачаҳои пластикӣ,(салафанӣ), ашёҳои шикастаи рӯзгор,матоъҳои фарсудаи либос дар девораҳои дарёча гуё ки гиришк шуда бошанд ба назар менамуданд.
Нозирони сабз оид ба манзараи дидаашон дар дафтарҳои худ қайдҳо намуданд.
Нозирони иброз доштанд, ки об неъмати бебаҳост,бояд ба қадри он расид. Ҳар яке хулосаҳои худро баён намуданд.
Аз ин экскурсия мо нозирони наврас ба чунин хулоса омадем,ки табиат ,замин, об, ҳаво, набототу ҳайвонот дар натиҷаи фаъолияти инсон зарар медидаанд. Аз ин лиҳоз бояд ҳар як инсони рӯйи замин маърифату дониши экологӣ ба хотири ояндаи насли наврас дошта бошад.
Агар бархе аз одамон маърифати экологӣ медоштанд имрӯз обҳои ин дарёча софу мусаффо ҷорӣ мешуд.
Хулоса: вазифаи мо омӯзгорони фанни экология дар ниҳоди хонандагон бедор намудани ҳисси табиатдустӣ, ғамхорӣ нисбати замин, ҳаво, об, ҳайвоноту наботот, дарахтону сарватҳои табии кураи замин мебошад.
Хулосаи нозири сабз баъд аз экскурсия.
Ман аъзои маҳфили нозирони сабзи МТМУ №62 Тоҷибоева Фарзона мебошам.
Вакте,ки мо ба экскурсия ба дарёча рафтем ман ҳайрон шудам. Барои он, ки дарёча аз партовҳои гуногун ифлос шуда буд.Дар наздикии дарёча хонаҳои истиқомати қомат афрохта буданд. Назди хонаҳо тозаву озода буданду дарёча ифлос. Аз партофтани партовҳо дарахти маҷнунбед ,ки дар соҳили дарёча буд хушк шуда истодааст .
Ман ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон гуфтаниям,ки табиати биҳиштосои моро чун гавҳараки чашм барои мо насли оянда эҳтиёт намоянд .
Зеро пас аз онҳо мо низ идомадиҳандаи амали онҳо хоҳем буд..
Тошпулотова Хосиятхон-муаллими фанни экологияи МТМУ №62 Ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров