Донишҷӯёни донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси 330101-05 ҳифзи муҳандисии муҳити зист ҳамроҳи омузгорони кафедраи экология ва геология санаи 02.04.2023 дар Конибодом бо мақсади шинонидани ниҳолҳои дарахтони гуногун дар аксияи экологӣ иштирок намуданд. Мақсади асосии чорабинӣ, ин ҳифзи муҳити атроф буд, яъне ҳифзи ҷангалзори тӯқай, ки дар минтақаи болооби Баҳри Тоҷик мавқеъ мебошанд.
Боиси қайд аст, ки экология ва ҳифзи табиат қисми ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт ва афкори ҷамъиятии мардум, гарави солимии ҷомеа мебошад.
Чорабинӣ аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” тибқи Лоиҳаи “Ҳифзи ҷангалҳои туқай ва намудҳои зери хатари минтақаи болооби обанбори «Баҳри тоҷик» ташкил карда шуд. Роҳбари ташкилоти мазкур Мамадов Икромҷон қайд намуд, ки тибқи Лоиҳа дар ин мавзеъ аллакай корҳои назаррас амалӣ гардидааст. Имрӯза чорабинӣ, ба ҷузъи 3-юми Лоиҳа: Барқарорсозии минтақаи обию ботлоқӣ ва ҷангалзори тӯқай дахл дорад.
Экосистемаи ҷангалзори тӯқай на танҳо барои нигоҳ доштани мувозинати экологии минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти калон дорад. Он макони намудҳои нодири эндемикии ҳайвонот, паррандаҳо ва растаниҳо мебошад.
Ҷангалзори тӯқай набототу ҳайвонот ва дарахтони ба худ хос дорад, ки дар мамлакати мо яке аз манзараҳои диққатҷалбкунанда ба ҳисоб меравад. Табиат ва манзараи нотакрор дорад ва вобаста ба мавсим давраи шикор низ дорад. Дар ин ҷо сафедори маъруфи реликти осиёӣ мерӯяд, ки микроиқлими махсус ва фазои беназири сирру асрорро ба вуҷуд меорад. Чорабинӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии маҷмӯъи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 гузаронида шуд.
Яке аз воситаҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳи муносибати эҳтиёткорона ба табиат ин маърака ва чорабиниҳои ҳамасола оид ба кабудизоркунӣ ва ободонии маҳаллаҳои аҳолинишин ва минтакаҳои дигар мебошад. Захираҳои ҷангал ва бешазор дар ҳаёти табиат ва инсон аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Онҳо пай дар ҳам миқдори оксигенро афзун намуда, танзими обҳои зеризаминиро нигоҳ дошта, вайроншавии қабати хокро пешгирӣ менамоянд. Нестшавии бешазор боиси пастшавии обҳои зеризаминӣ, камшавии оби кулу дарёҳо ва хушкгардии қабати хок мешавад.
Маълумот ва маърифати экологӣ мафҳумҳое мебошад, ки асоси анъанаҳои муносибати эҳтиёткорона ва ғамхоронаи тамоми халқро нисбат ба муҳити зист ташкил медиҳад. Инсоният тавассути захираҳои табиат талаботи моддию маънавии худро қонеъ мегардонад. Бинобар ин, истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён, донишҷӯён қайд намуданд, ки: “Мо ҷавонон ин иқдомро саривақтӣ ва зарурӣ ҳисобида, каме бошад ҳам саҳми худро барои аз байн нарафтани экосистемаи минтақаи болооби обанбори Баҳри Тоҷик саҳми худро гузорем”.
Мадаюбова Озода, донишҷӯи бахши 4, муҳандис-эколог
Кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон