Аз истилоҳи экология бармеояд, ки маънояш табиат, муҳити зист мебошад. Экология қисми асосии табиатшиносӣ буда, ин фанро аз синфи ибтидоӣ ҳамчун шиносоӣ бо табиат меомӯзем. Зоология, биология, табиатшиносӣ пайрави фанни экология мебошад.
Одам бо табиат зинда аст, зеро табиат сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир муносибати нодурусти одамон ба табиат, аз меъёр зиёд ва бетартибона истифодабарии захираҳои табиат зиёд шуда истодааст.
Дар натиҷа афзоиши аҳолӣ, рустаниҳову дарахтон кам шуда истодаанд. Дар сайёраамон тӯли солҳои охир баландшавии ҳарорат, обхезиҳо, бодҳои даҳшатангез ба назар мерасад, ки сабаби асосии ин муносибатҳои нодурусти одамон ба табиат буда, аз надонистани қонунҳои экологӣ сарчашма мегирад. Аз ин рӯ мо хонандагон бо рафтори нек, дониши аълои худ илми экологияро аз худ кунем, дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиат саҳмгузор бошем. Барои корҳои беҳуда вақти худамонро сарф накарда, ба табиат ягон рустанӣ дарахт шинонем ва дигаронро низ ба кабудизоркунӣ даъват намоем. Гирду атроф, яъне муҳити зистамонро озоду обод нигоҳ дорем, то ки ин барои саломатиамон фоидабахш мебошад.
Аз моҳи январи соли равон дар муассиса махфили “Нозирони сабз” бо роҳбарии омӯзгори фанни экология Муборакшоева Хурмо ташкил ва баргузор гардида истодааст. Ман низ як узви фаъоли ин махфил ба хисоб меравам ва барои кабудизоркунии шаҳрамон саҳми худро мегузорам.
Суюнова Махфуза- хонандаи синфи 9-и МТМУ-и №5 шаҳри Истиқлол.