Санаи 19 феврали соли ҷорӣ ҷиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ инчунин баҳри татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби фаъолони самти “Дар олами наботот” ва гурӯҳи “Нозирони сабз”-и Созмони хонандагон дар назди китъаҳои таҷрибавии муассисаҳои таълимӣ бунёди “Боғи Созмони хонандагон” ва шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ оғоз гардид. Тибқи иттилоъи шуъбаи “Созмони хонандагон”-и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бахшида ба 22 солагии Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар назди 938 муассисаҳои таълимии вилояти Суғд шинонидани беш аз 50 ҳазор ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ аз ҷониби хонандагон дар назар буда, танҳо дар як аксияи вилоятии “Ин ватанро зебову обод мекунем” санаи 19 феврал беш аз 15 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда дар назди муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби аъзои фаъоли Созмони хонандагон шинонида шуд. Иқдоми мазкур то охири моҳи феврал идома ёфта, фаъолони маҳфилҳо ва масъулини шуъбаҳои “Табиатдӯстони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зист”-и Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо раванди онро назорат мебарад.
Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндасози миллатро дар назар дорад, ки баҳри шукуфоӣ ва сарсабзии диёри зебоманзари Тоҷикистон саъю эътимом меварзанд.
Шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд