Бале, бе табиати зинда ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, барои он ки ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок ва боду ҳаво вобаста мебошад.
Боиси қайд аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, эҳтиром ва эҳтиёт зоҳир намудан ба муҳити атроф, риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат ба табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ, “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст.
Дар доираи ин барнома бо дастгирии Маркази Орхус ва ташкилоти ҷамъиятии «Гуруҳи Ҷавонон оид ба Ҳифзи Муҳити Атроф» бо омӯзгорони даҳ муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол ва ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинар ташкил ва баргузор гардид. Ҳадаф аз он дар ҳар яке аз муассисаҳои номбурда ташкил намудани “Патрулҳои Сабз” ва баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мебошад.
Алҳол дар муассисаи таълимии мо маҳфили “Патрулҳои Сабз” ташкил гардидааст. Шумораи аъзоёни маҳфил бист нафарро ташкил медиҳад. Дарсҳои факултативӣ аз рӯи нақшаи тартибдодашуда ҳафтае як маротиба гузаронида шуда истодаанд. Машғулиятҳо ба “Патрулҳои Сабз” имконият медиҳанд, ки барои худ донишҳои экологӣ пайдо намуда, онро баҳри сарсабзиву ободии муассива ва кӯчаву деҳаи хеш истифода намоянд, то дигарон низ дар ин кор ба онҳо пайравӣ намоянд.
Айни замон машғулиятҳо бо истифодаи усулҳои интерактивии таълим ба монанди “Кластер, Диаграммаи ВЕНН, Тасдиқ ва Инкор, Блитс-Пурсиш, Ҳуҷуми зеҳнӣ, энерҷайзер, мизи мудаввар ва амсоли инҳо гузаронида шуда истодаанд.
“Патрулҳои Сабз” дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ оиди масъалаҳои экологӣ баромадҳо менамоянд. Дар шанбегиҳо фаъолона иштирок мекунанд. Яке аз мавзӯъҳои баромади онҳо “Зиндагӣ бе пластик” буд, ки басо ҷолиб гузашт. Ба ин хотир ба ҳар як синф вазифагузорӣ карда шуд, ки халтаҳои матогин ташкил намоянд, инчунин барои ҷамъоварии коғаз озмун эълон карда шуда, кадом синф бисёртар ҷамъ намояд, ғолиб дониста шуда соҳиби ифтихорнома мегарданд.
Инчунин, “Патрулҳои Сабз” озмуни “Синфи тозатарини ҳафта” ташкил намуданд, ки дар охири ҳафта ҷамбаст мегардад. Хонандагон ба ин озмунҳо бештар аҳамият дода истодаанд, ки ин албатта боиси хушнудии мо омӯзгорон аст.
Ҳамзамон дар овезаи деворӣ расмҳо оид ба мавзӯи ҳифзи табиат аз тарафи “Патрулҳои Сабз”-и наврас кашида насб карда шуда истодааст. Албатта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидани машғулиятҳо маълумоти экологӣ лозим аст. Бо ин мақсад аз манбаъҳои гуногун, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, рӯзномаҳои даврӣ ва амсоли инҳо истифода мебароем.
Хулоса, ҳадафи асосии ташкили ин маҳфил аз он иборат аст, ки ба масъалаҳои экологӣ диққати махсус дода шуда, дар ниҳоди аъзоёни ин маҳфил нисбат ба олами набототу ҳайвонот, обу ҳаво, хок, табиати нотакрор муносибати дилсузона ташаккул диҳем.
Шояд замоне мешавад, ки инсонҳо дарк мекунанд, ки ҳифзи табиат барои онҳо зарур аст. Аммо алҳол бошад, мо бо ташкили ин даста барои наслҳои оянда муҳити зисти тоза ва манзараву мавҷудоти бенуқсон боқӣ хоҳем гузошт.
“Табиат бидуни инсон вуҷуд дошта метавонад, аммо инсон ин қудратро надорад.”
Тошпӯлотова Хосият- Омӯзгори фанни экологияи МТМУ-и №62 ҷамоати Ғозиён, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.