Имрузхо дар тамоми дунё ба хифзи мухити зист, махсусан баланд бардоштани маьрифати экологии аҳолӣ, аз тарафи наврасону ҷавонон , донишҷӯён таваҷҷӯҳи зиёд зохир мегардад, чун ки аз он неку аҳоли ва саломатии инсон вобаста аст.
Айни замон дониш ва маҳорат бояд амал мустаҳкам карда шавад, ки ин ба ташаккулёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ оварда мерасонад.
Барои баланд бардоштани савияи донишу маьрифати экологии ҷавонон ва наврасон, борои ноил шудан ба рушди устувор дар системаи маърифати экологӣ дар муассисаи МТМУ №20 Ҷамоати Ғозиёни н Б.Ғафуров як қатор чорабиниҳоро гузаронида истодаем.
Хонандагон ва наврасонро аз наздик бо табиати зинда шинос гардонида ба онхо гулпарварӣ ва зебогии онро ошно намудем. Бо дастгирии директори муассиса Қодиров А. якчанд гулҳои ороишӣ харидори шуда ба саҳнаи муассиса шинонида шуд, ки зебу зиннати хосеро зам намуд. Наврасон чунин чорабиниҳоро хуб пазируфта дастаҷамъона саҳми худро гузаштанд, ки ин бомасъулият ва бетараф набудани онҳоро нисбат ба табиатро нишон медод.
Барои хуб нигох тоштани хар гушаву порчаи табиат барои наслҳои оянда омодаем саҳми худро гузорем.
Олимов Далерҷон-муаллими фанни экологияи МТМУ №20 Ҷамоати Ғозиёни н. Бобоҷон Ғафуров.



