Мактаб тамом шуда, таътили деринтизори тобистона ҳам сар шуд.Ин яке аз таътилҳои дарозмуддат мебошад ,ки се моҳро дар бар мегирад. Дар вақти таътил ҳар кас ҳар гуна истироҳат мекунад. Баъзеҳо ба саёҳат мераванд, баъзеҳо дар хона мешинанду китобҳои шавқовар мехонанд ва бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул мешаванд.
Дар давоми таътили тобистонаи худ ҳам бо аҳли оилаам ба саёҳат мераваму ҳам дар хона ба корҳои модарҷонам ёрӣ медиҳам. Ҳар кас аз хурди ба худ шуғли дӯстдоштаашро муайян мекунаду ба он меҳр мебандад ва ман ҳам, ки аллакай хурд нестам, шуғли дӯстдоштаи худро дорам, ки он гулпарварӣ мебошад.
Ман мехоҳам гулпарвар шавам. Ба фикрам, ин касб хеле шавқовар ва ҷолиб аст, ба воситаи он ман метавонам ба одамон ёрӣ расонам ва оламро зеботар созам. Гулпарварон бо гул кор мекунанд. Ман гулро дӯст медорам. Ман қариб номи ҳамаи гулҳоро медонам. Гулҳо растаниҳои нозук ва зебо мебошанд. Дар манзили мо гулҳои зиёде мавҷуданд, ки аксари онҳоро бо ёрию маслиҳати модарҷонам парвариш кардаам ва идома медиҳам. Дар вақти муайянкардаи модарҷонам ба гулҳо об медиҳаму онҳоро аз чангу ғубор тоза мекунам. Орзу дорам, ки дар оянда навъҳои гулҳои худро зиёдтар намуда, нозукиҳои гулпарвариро боз ҳам хубтар аз худ намоям. Ман фикр мекунам, ки дар оянда гулпарвари хуб мешавам, зеро ин кор ба ман маъқул аст.
Хуршедзода Мадинахон- хонандаи синфи 3, мтму #25, аъзои маҳфили “Ҳисобдон”-и МТИ-и шаҳри КОНИБОДОМ.
Дар чорчубаи озмуни “Дунёи рангини кӯдакон” бахши Акси беҳтарин ва Эссе дар мавзӯи “Машғулияти муфиди ман дар давраи таътил” аз тарафи Маркази Таҳсилоти Иловагӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд.



