Бибиам маро ҳамроҳаш ба меҳмонӣ ба Конибодом гирифта рафт. Моро хуб мехмондорӣ карданд. Ман бо наберагони ин хонадон унс гирифта, ҳамроҳашон бозӣ кардам. Ба боғ рафта давутоз кардем, ба дарахтон баромадем, монда шудем. Бачаҳо он ҷо монданд, ман ташна шудаму ба ҳавлӣ баргаштам.
Ба хона давида омадаму барои ташнагиамро шикастан, пиёларо гирифта, аз сатил об пур карда, то хостам нӯшидаму, мондагиашро ба замин пошидам. Модаркалонам, ки дар лаби кат менишаст, маро сарзаниш кард:
– Ту барои чӣ обро ба замин пошидӣ?
– Чӣ шудааст?- пурсидам ман.
– Якумаш ин, ки обро ин қадар зиёд гирифтан шарт набуд, – гуфт бибиам, – дуюмаш ин, ки ним пиёла об мегирифтӣ кифоя буд. Сеюмаш ин, ки обро ба райҳон ё ба таги дарахт мерехтӣ, беҳтар буд. Ман нимханда карда, «Наход нимпиёла об чунин муаммо шуда бошад?» гуфта аз дил гузаронидам.
– Ҳатто як қатра об метавонад одамро ба ҳаёт баргардонад!- таъкид кард бибиам.
Баъд ӯ ба ман чунин гуфт, ки дар ин макон, обро харидорӣ мекунанд. Дар ҳар як ҳавлӣ ҳавзи сементии калон болопӯш карда шудааст, ки дар он ҷо об нигоҳ медоранд ва онро барои рӯзгори ҳаррӯза кор мефармоянд.
Азбаски об дар хонаҳои мо бемалол аз кран меояд, бори аввал бовариам наомад. Ғайр аз ин, дар ҳавлӣ дарахтони зардолую себу олу пур аз мева буданд. Райҳон, ҷафару гашнич майсазанон алвонҷ мезаданд. Агар об набошад, ин қадар сабзазор аз куҷо мешуд?
Бовариам наомада, он ҳавзро кушода дидам, ки пур аз об буд ва қоил шудам. Баъд аз кори кардаам шармам омад. Хешовандон маро тарафдорӣ карда тасалло медоданд:
– Ҳеч гап не, -бечора бачаро сарзаниш накунед, вай намедонист-ку!
Пас боаҳамият ба онҳо нигоҳ карда, ҳар як ҳаракати онҳоро аз назар мегузарондам. Маҳфуза –апа, бо обгардон аз сатили оҳанин об гирифту сабзию пиёзи поккардаашро шуста оби истифодакардаашро ба сатили сурхи пластикӣ рехт. Баъд оби биринҷро низ он ҷо андохт. Ҳар вақте, ки даст мешуст, дасташро низ дар болои он сатили сурх мешуст. Баъд кабудӣ – райҳону гашнич канд ва онро ба косача андохта шуст ва оби корфармудаи онро низ ба он сатил партофт. Он сатил пур аз об шуд. Ман фақат ба ин сатил чашм меандохтам ва мехостам фаҳмам, ки онро куҷо мепартофта бошанд. Хостам тохта рафта кӯмак кунам, ки бибиам боз маро дошт:
– Исто бачам, ҳозир онро ба полизча мерезанд, – гуфт бибиам.
– Не-не, ҳозир не, – гуфт апаам.- Ҳозир офтоб баланд аст, ҳамаи оби ҷамъкардаамон бухор шуда меравад. Барои ҳамин онро бегоҳӣ мерезем. Хамин тавр, сатил то охири рӯз се бор пур шуд ва онро дар як бочкаи калони пластикц ҷамъ мекарданд ва бегоҳӣ онро ба полизи рӯи ҳавлӣ мерехтанд. Як қисмашро ба рӯи ҳавлӣ мепошиданд. Ҳавлӣ ҳам салқину ҳам шаббода гардид. Ман ба ин сарфакории ин халқ қоил шудам, ки ҳар як қатраи обро эҳтиёт карда ба истифодаи беҳудаи об роҳ намедиҳанд ва бо вуҷуди ин ҳама сарфакорӣ, шаҳр ин қадар сарсабз асту дарахтони пурмева бисёр ҳастанд.
Ин қоида на фақат дар ин оила, балки дар тамоми хонадони ин шаҳр роиҷ гашта буд.
Аз ҳамон рӯз сар карда, ман об нӯшиданӣ шавам, аввал ним пиёла об рехта менӯшидам, агар ташнагиам нашиканад, боз ним пиёлаи дигар мерехтам. Он ним пиёла оби ба замин пошидаи ман бароям дарси калон шуд.
Баходур Абдувоҳидов мактаби хонандагони болаёкат (туркӣ) ш. Хучанд
Данная публикация подготовлена в рамках проекта “Медиа для эффективного освещения вопросов окружающей среды и природных ресурсов в Центральной Азии”, финансируемого Европейским Союзом, реализуемого «Интерньюс».