Об барои ҳамаи мавҷудоти зинда унсури асосӣ маҳсуб мешавад, зеро бе он дар рӯи замин ягон чиз нашъунамо карда наметавонад. Об ҳам барои растанӣ, ҳам барои ҳайвонот ва ҳам барои инсон зарур аст. Бе он ҳатто ҳашароти хурдтарин ва растании кӯчактарин зиста наметавонад.
Дар сайёраи мо об зиёд аст. Вале оби софи ширини нӯшиданӣ кам мебошад.
Дар баъзе кишварҳо он зиёдтар, дар баъзеи дигар камтар ва дар баъзе давлатҳо оби нӯшиданӣ тамоман мавҷуд нест. Аз ин рӯ бояд обро эҳтиёт кунем. Зеро барои мо, Тоҷикистониён, об, назар ба дигар давлатҳо, фаровонтар аст. Агар имрӯз мо онро эҳтиёт накунем, сарфакорона истифода набарем, мумкин, ки пагоҳ мо низ аз ин неъмати бебаҳо маҳрум шавем.
Эҳтиёти об ба худи мо фоида дорад. Барои он, ки имрӯз бисёр касалиҳое паҳн гардида истодаанд, ки маҳз тариқи оби ифлос ба организми инсонҳо дохил мегарданд. Покиза нигоҳ доштани об дар дасти худи мост. Пеш аз ҳама мо бояд ҳар гуна партовҳоро ба об наандозем. Ҳангоми шанбегиҳо бояд ҷӯйчаву ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна ифлосиҳо, ки таркиби обҳои равонро вайрон мекунанд, тоза кунем.
Дар бораи покиза нигоҳ доштани об ба мо бобову бибиҳоямон бисёр нақлҳо кардаанд ва қадру қиммати онро ба мо аз хурдӣ омӯзонидаанд. Имрӯз акнун мо, наврасон, бояд ин гуфтаҳоро пеши роҳи худ карда, аз пайи покиза нигоҳ доштани об шавем. Барои он, ки он неъмате, ки имрӯзҳо дар мамлакати мо фаровон аст, рӯзе мешавад, ки аз беэҳтиётӣ, истифодаи нооқилона кам гардад ё ин ки тамоман ба охир расад. Он гоҳ наслҳои ояндаи миллати мо мебоянд, ки обро чун дигар давлатҳои беоб харидорӣ кунанд. Сарфаи оқилонаи об ба мо имкон медиҳад, ки онро чун мерос ба наслҳои дигар гузорем, то ки онҳо низ чун мо аз оби ширини нӯшиданӣ бемонеа истифода кунанд.
Дар васфи сарфаи оби нӯшиданӣ ҳатто шоирону нависандагон байтҳо гуфтаанд, то ки ҳар шахс ба қадри он расад ва дар эҳтиёту сарфаи он саҳми худро гузорад:
Ҳастии ин ҷаҳон аз об аст,
Роҳати ҷисму ҷон аз об аст.
Аз ин рӯ бояд ин сарвати нотакрори табиатро, ки ҳастии олам аз он аст, эҳтиёт кунем ва ба сарфаи беҳудаи он роҳ надиҳем.
Меҳрангез Ғайбуллоева, гимназияи №1 ба номи М. Беҳбудӣ
Данная публикация подготовлена в рамках проекта “Медиа для эффективного освещения вопросов окружающей среды и природных ресурсов в Центральной Азии”, финансируемого Европейским Союзом, реализуемого «Интерньюс».