Об яке аз аломатҳои муҳимтарини зиндагӣ ба шумор меравад, ин беҳуда нест. Барои он, ки бе об ҳаёт низ дар сайёра вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин сабаб бояд ба он арҷгузорӣ намоем ва истифодаи онро сарфакорона ба роҳ монем, ки ҳар қатраи он дар ҷаҳони имрӯза арзиш дорад. Нисфи сайёраи Замин дар ҳоли ҳозир аз набудани оби ширини нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд. Нисфи дигар бошанд ин неъмати бебаҳои табиатро, ки бемонеа барояшон дастрас аст, қадр намекунанд.
Об ин сарчашмаи тамоми ҳаёт, шифои беморон, нигоҳдорандаи саломатии инсон мебошад. Маълум, ки қариб тамоми организми инсонро об ташкил мекунад ва агар миқдори муайяни он дар организм кам гардад, одам гирифтори ягон беморӣ мешавад.
Об сарчашмаи рӯшноист. Ба воситаи маҳз об имрӯз кишварҳо равшану чароғон ҳастаанд. Қудрати нотакрори об аст, ки имрӯз шаҳрҳо ободу чароғон, боғҳо сарсабзу хуррам, одамон покизаву хурсанд ҳастанд. Беҳуда шоире нафармудаст:
Ҳастии ин ҷаҳон аз об аст,
Роҳати ҷисму ҷон аз об аст.
Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сарфакории об диққати ҷиддӣ медиҳад ва борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид ин нуктаро таъкид сохтааст. Ӯ аҳли ҷаҳонро даъват месозад, ки ин неъмати табиатро, ки дастрасӣ ба он дар тамоми ҷаҳон як муаммои глобалӣ маҳсуб мешавад сарфакорона истифода барем. Дар ҳақиқат ҳам сарфаи об фоидаи худи мо аст. Имрӯз Тоҷикистони мо аз оби софи нӯшиданӣ бой аст. Вале агар беаҳмиятӣ кунем ва онро сарфакорона истифода набарем, рӯзе мерасад, ки мо низ онро чун давлатҳои Арабистони Саудӣ харидорӣ кунем. Барҳақ мегӯянд, ки он чизе, ки дастрас асту зиёд аст, қадр надорад. Имрӯз, ки мо ба об танқисӣ надорем, бе сарфакорӣ ва беаҳамият онро баҳудаю беҳуда истифода мебарем ва дар тоза нигоҳ доштани он андеша намекунем. Вале рӯзе мерасад, ки ин неъмати табиат бароямон камёб мегардад ва маҷбур мешавем, ки онро мо низ харидорӣ созем. Дар ҳамон вақт пас ба қадри ин неъмати равон хоҳем расид. Барои ҳамин зарур аст, ки аз ҳоли ҳозир ба эҳтиёту сарфакории он шурӯъ кунем, шояд, ки мо, наврасон пагоҳ дер шавад. Мо бояд имрӯз дар тоза нигаҳдории об саҳми худро гузорем, то ки баҳри ояндаи худ аз ин неъмат бемонеа истифода кунем.
Алишер Шарипов, МТМУ №26 шаҳри Хуҷанд
Данная публикация подготовлена в рамках проекта “Медиа для эффективного освещения вопросов окружающей среды и природных ресурсов в Центральной Азии”, финансируемого Европейским Союзом, реализуемого «Интерньюс».