Бо баробари фарорасии фасли баҳор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров дарахтони бисёрсолаи ҳамешасабз – санавбар шинонида шуданд.

Патрулҳои сабзи МТМУ-и №20 ҷамоати Ғозиён бо роҳбарии омӯзгори фанни экология Далерджон Олимов ин маръакаи ниҳолшинониро ташкил карда, барои кабудизоркунии ҳудуди ҷамоат саҳми худро гузоштанд. Ҳамаги хонандагон 1350 бех дарахти санавбарро дар минтақаи Рухак шинониданд. Дар баробари зебо гардонидани табиати ҷамоат, ин иқдом барои беҳбудии ҳолати экологии тамоми минтақа низ мусоидат менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур саҳм гузоштан дар раванди ободонӣ ва хуррамгардонии ҷамоат ва дар руҳияи ватандӯстию зебопарастӣ тарбия намудани насли ҷавони ояндасоз мебошад.

Октябрь 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31