Обу ободонӣ.
21 декабри соли 2016 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид.
Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)
Об муҳимтарин унсури сармояи табиӣ мебошад. Об дар раванди гирдгардиши табиӣ ва нигоҳдории тавозуни (баланси) экологӣ нақши ҳалкунанда дорад. Нақши об инчунин дар ҳаёти инсон низ хеле бузург аст.
Пурзӯршавии камбуди оби нӯшокӣ ба яке аз ҳолатҳои (омилҳои) маҳдудкунандаи дурнамои рушди минтақаҳо ва умуман ҷаҳон табдил ёфтааст.
Хамзамон захираҳои об дар кураи Замин хеле бузурганд. Лекин имконияти истифодабарии онҳо хеле маҳдуд аст.
Дастрасӣ ба оби безарар барои соҳаҳои бештар обталаби иқтисодиёт кишоварзӣ ва саноат монеаи асосӣ аз лиҳози коҳиши миқёси камбизоатӣ мебошад. Зиёда аз 74 фоизи аҳолие, ки дар шароити камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд, маскуни деҳот мебошанд. Бештар аз 1,5 млрд. нафар аҳолӣ, ки дар деҳот истиқомат мекунанд, ба оби безарари нӯшокӣ дастрасӣ надорад. Барои аксар фермерҳои хурд об ба яке аз унсурҳои муҳимтарин дар сохтори фондҳои асосӣ табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз бо ташаббуси хоҷагии деҳқонии ба номи “Наврӯз”- Ҳоҷӣ Рӯзӣ Наврӯзов дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров деҳаи Қотма, маҳаллаи 11- ум аз сабаби норасоии оби нӯшоки барои сокинони ин деҳа як чоҳи зеризаминӣ кофта ба истифода дода шуд.
Ин ташаббус боиси хурсандии сокинони маҳалла гардид. Дар поёни ин чоҳ боғе ба номи “Ҳафт мева” ҷойгир аст. Вақте, ки шахс аз назди ин боғ мегузашт, гӯё ки дарахтони ин боғ аз кас мадад мепурсиданд, то ки ба онҳо қатрае об диҳанд. Имруз ин боғ бо об таъмин аст. Аллакай яхобмонии қатраҳои дарахтон ва заминҳои гирду атрофи он оғоз гардид. Калонсолон ва муйсафедони маҳалла ташаббуси ин марди меҳнаткашро дида дар ҳаққашон дуоҳои нек карданд. Онҳо хотиррасон намуданд, ки одам меҳнати худро бо сарфаю сариштакорӣ қадр намояд, аз пасандозҳои ба даст оварда, якчанд корҳои хайрро ба анҷом мерасонад.
Хонандаҳои азиз! Мо бояд меҳнати ҳар як шахсро қадр карда барои самаранок истифода бурдани обҳо кӯшиш кунем.
