Санаи 26-уми апрел намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” Сатторова Заррина ба МТМУ-ҳои шаҳри Истиқлол ва ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров ташриф овард. Ӯ бо омӯзгорони фанни экология вохурда, бо рафти тайёрӣ ба маҳфили КВН-Викторина шинос шуд.
Аз гуфтаҳои омӯзгорон, ҳамаи хонандагон (иштирокчиён) тайёрии хуб доранд ва омода ҳастанд, ки дар маҳфили КВН-Викторина фаъолона иштирок карда, мактабҳои худро муаррифӣ намоянд ва сазовори ҷойҳои намоён гарданд.
Ин чорабинӣ рӯзҳои наздик дар шаҳри Истиқлол ва ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров гузаронида шуда, дар он меҳмонон аз шаҳру ноҳияи вилояти Суғд иштирок менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи “Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи 2” гузаронида мешавад. Он бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гашта, дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (Акадамия Миллии Илмҳои Точикистон) ва Ташкилоти Ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” татбиқ мегардад.