МОЛОДЕЖНАЯ ГРУППА ПО ЗАЩИТЕ ОКРУЖАЮЩЕЙ СРЕДЫ

Пешгӯии обу ҳавои ҷумҳурӣ барои моҳи феврали соли 2024

Рӯзҳои 3-4 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо боришот (борон, барф) пешгӯӣ шуда, рӯзонаи 3 феврал ва шабонаи 4 феврал дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Ба истисно аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзҳои 1-4 феврал дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ тормеғ мефарояд (дар ағбаҳо ҳангоми фаромадани тормеғ бадшавии дурии биниш то 500 метр дар назар аст). Рӯзҳои 1-2 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ пастшавии ҳарорати шабонаи ҳаво то 15-20º хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Бо сабаби паст шудани ҳарорати шабонаи ҳаво рӯзҳои 1-4 феврал дар шоҳроҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ зуҳуроти яхбандӣ дар назар аст. Шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ 1-4º баланд  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 1+3º гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 3+8º гарм то 8+13º гарм, рӯзона аз 9+14º гарм то 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз -4+1º то 1+6º гарм, рӯзона аз 4+9º гарм то 12+17º гарм мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 0-5º хунук, рӯзона то 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 4-9º хунук, рӯзона то -2+3º мешавад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 28-100 мм, дар ноҳияҳои доманакӯҳҳо 110-130 мм).

 Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-3º баланд пешгӯӣ шуда,  дар водиҳо 3+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-3º хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона аз 6+11º гарм то 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6º хунук то 6-11º хунук, рӯзона аз -1+4º то 5+10º гарм мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 2-7º хунук, рӯзона то -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16º хунук, рӯзона 2-7º хунук мешавад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 17-38 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 10-20 мм).

Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.

Минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ аз меъёри иқлимӣ 1-3º баландтар пешгӯӣ шуда, -4+3º-ро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз -2+3 то 6-11º хунук, рӯзона аз 2+7º гарм то 7+12º гарм мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона 10-15º хунук, рӯзона то 0-5º хунук мешавад.

 Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар дошта шудааст (меъёр: дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ 37-113 мм, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор то 141 мм, дар ғарби ВМКБ 15-59 мм,).

Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.

Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1-3º баланд пешгӯӣ шуда, 10-11º хунукиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда,  шабона аз 9-14º хунук то 15-20º хунук, рӯзона аз 2-7º хунук то 7-12º хунук, рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 25-30º хунук, рӯзона то 11-16º хунук мешавад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: 4-10 мм).

Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 м/с пешгӯӣ мешавад.

Поделиться:

Больше постов:

Весенняя посадка саженцев в водно-болотных угодьях Канибадама

На прошлой неделе прошла весенняя посадка саженцев в водно-болотных угодьях Канибадама, расположенных в верховьях Кайраккумского водохранилища! “Общество охотников и рыболовов”, совместно с местными жителями, посадили

Загрязнение воздуха

«Друзья, давайте поговорим о том, что нас окружает каждый день, но часто об этом молчим – о качестве воздуха. Воздух, который мы дышим, имеет огромное

С декабря по март в стране, наблюдаются экстремальные холода, достигающие минус 50 градусов по Цельсию в некоторых районах

. Оценка Организации Объединенных Наций подтверждает, что зима была особенно суровой с низкими температурами и значительными снегопадами. Из министерства сельского хозяйства страны сообщают, что 2,1

Отправить свои экологические идеи:

Содействие комплексному устойчивому развитию и реализации человеческого потенциала в гармонии с окружающей средой.

Деятельность

Проекты