Экология фанни бунёдӣ буда, омӯзиши он аҳамияти калон дорад. Агар ҳар як фарди ҷомеа муҳим будани ин фанро ҳис кунад, қонунҳо, ифодаҳо ва истилоҳҳои онро омӯзад, онгоҳ метавонад мавқеи худро дар муҳити зист муайян созад ва ва роҳҳои ояндаи истифодаи оқилонаи захираҳои табииро барои худ маълум намояд. Албатта инсонро бе табиат ва табиатро бе инсон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Одам чун намуди иҷтимоӣ мушкилотеро ба вуҷуд меоварад, ки худаш бояд барои бартараф намудани он кӯшиш ба харҷ дода, мувозинаи экологии биосфераро таъмин созад.
Таъсири фаъолияти одамон ба табиат эҳсосшаванда аст ва он дар биосфера дигаргуниҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Инсон ба табиат ҳам бо роҳи мусбат, ҳам манфӣ таъсир мерасонад. Барои пурра аз худ кардани мавзӯи “Робитаи инсон ва табиат” бо “Патрулҳои Сабз”-и МТМУ-и шаҳри Истиқлол машғулият ташкил карда шуд, ки дар он 18 нафар (10 духтар, 8 писар) хонандагон ширкат варзида, оиди мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод ва баён намуданд.
Инчунин “Патрулҳои Сабз” ба мавзӯъҳои ифлосшавии ҳаво ва Ҳифзи муҳити зист расм кашида ба хонандагони мактаб доири ин мавзӯъҳо маълумот доданд.
Машғулият тариқи саволу ҷавоб, фикрронии хонандагон, бозиҳои интерактивӣ, таҳлили ҷумлаҳо дар байни “Патрулҳои Сабз” ба вуқӯъ пайваст ва хеле ҷолиб ва шавқовар гузашт.
Муборакшоева Хурмо- омӯзгори фанни экологияи МТМУ-и №5 шаҳри Истиқлол.


