19-уми феврал бо ташаббуси «Патрулҳои Сабз»-и МТМУ №1 шаҳри Истиқлол бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб дар мактаб шанбегии тозагии миҳити зист гузаронида шуд.
Ҳашарчиён асосан дар дохили майдончаҳои мактаб, гирду атрофи мактаб иштироки фаъолона намуда, аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 100 нафар хонандагони МТМУ №1 иштирок намуда, мактабро тозаву хуррам ва ба ободонии он саҳмгузорӣ карданд.
Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳр, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи мактаб ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар мактабҳои шаҳри Истиклол дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, барои мавсими навбатии ниҳолшинонӣ замина муҳайё карда шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдоми “Патрулҳои Сабз”-и МТМУ-ҳои шаҳри Истиқлол мебошад, ки барои бозҳам ободу зебо гардондани ин даргоҳи илму маърифат саҳми босазои худро гузоштанд.
Иштироки хонандагон дар ин самт, ҳашарҳои дастаҷамъона замина мегузорад, то онҳо дар рӯҳияи ҳимояи муҳити зист, меҳнатдӯстӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷои кор ва кишвари худ тарбия ёбанд. Ҷомеаи меҳнатии устодону талабагон таҳти роҳбарии муаллимаи фанни Экология Мирзоева Ш. иқдом гирифтаанд, ки минбаъд дар ин самт ҳашарҳои дастаҷамъона фаъолона иштирок карда, барои ободонии кишвар ва тозагии он саҳми арзандаи худро гузоранд.