Дар табиат ҳама чиз ба якдигар робитаи мутақобил дорад. Ҳатто тағйироти хурди як ҷузъ боиси тағйироти бештари дигар ҷузъҳо мешавад. Аз ҳамин сабаб, аз рӯйи андозаи баландшавии ҳарорат дар сайёра, мо метавонем дигар тағйироти ба он марбутро мушоҳида кунем. Сатҳи Уқёнуси Ҷаҳонӣ баланд мешавад,пиряхҳо ва яхҳои бисёрсола об мешаванд, сол ба сол шумора ва иқтидори ҳодисаҳои бисёр шадиди обу ҳаво, монанди мавҷҳои гармӣ,тӯфонҳо, боронҳои сел, обхезиҳо ва хушксолиҳо афзоиш меёбанд. Бемориҳои сироятии нави хатарнок ва зараррасонҳои нав дар ҷойе зуҳур мекунанд, ки он ҷо онҳо ҳаргиз вуҷуд надоштанд. Ин ва дигар оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои наботот ва ҳайвонот хатарнок мебошад, ки онҳо наметавонанд ба тағйироти бисёр ногаҳонӣ зуд мутобиқ шаванд. Онҳо ҳамчунин боиси зарари калони иқтисодӣ мешаванд, ба саломвтӣ ва ҳатто зиндагии одамон таҳдид мекунанд.

Тағйирёбии иқлим ба зиндагӣ ва саломатии инсон таъсири бузург мерасонад. Агар пеш аз ин саломатии мо, тавре ба назар мерасид, асосан аз рафтори бехатар, ирсият, шуғл, муҳити атроф ва дастрасӣ ба ёрии тиббию санитарӣ вобаста буд, аммо ҳоло маълум мешавад, ки он ба тағйироти иқлим вобаста аст.

Дар шаҳрҳо, махсусан шаҳроҳои калон, тағйирёбии иқлим боз ҳам равшантар зуҳур мекунад. Гармӣ шабона дар шаҳрҳо барои саломатӣ махсусан дар фасли тобистон хатарнок аст. Агар мавҷи гармӣ беша аз як ҳафта давом кунад, ин метавонад боиси мушкилоти қалб ва ҳатто фавти одамони солхӯрда ва одамони дорои саломатии заиф шавад.

Тағйирёбии иқлим метавонад ба инсон, обу ҳаво, наботот ва ҳайвонот, ҷангал, захираҳои об, кишоварзӣ, минтақаҳои кӯҳӣ ва арктикӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонад.

Омӯзгори МТМУ №4 шаҳри Истиклол Пӯлотова Камуна.